Муқова Сиёсат Назар Иқтисод Иҷтимоъ Фарҳанг Тандурустӣ Дунё Технология Варзиш Илм-фанноварӣ Матбуот

Рақобатпазир набудани тракторҳои «ТоҷИрон» дар чист?
03.10.2014 — «Навид.tj»
Рақобатпазир набудани тракторҳои «ТоҷИрон» дар чист?

Ширкати муштараки тракторсозии «ТоҷИрон», ки соли 2006 дар Тоҷикистон таъсис ёфта буд, дар ин мудат ҳамагӣ 264 адад тракторҳои гуногун истеҳсол намудааст, ки ба ҳисоби минёа 33 адад дар як сол рост меояд.

Ин дар ҳолест, ки корхона иқтидор дорад, солона то 2100 адад трактор истеҳсол намояд.

Наврўзифар Асғар, директори генералии корхонаи мазкур зимни суҳбат гуфт, ки сабаби аслии рақобатпазир набудани тракторҳои «ТоҷИрон» дар замонавӣ будани онҳо будааст.

Ӯ гуфт, ки деҳқонони тоҷик солҳо боз тракторҳои истеҳсоли Белорус ва Россияро истифода мебаранд аз ин рӯ таъмири он барояшон осонтар менамояд. 

Аммо, зимни таъмири тракторҳои «ТоҷИрон» онқадар сарфаҳм намераванд. Бино ба гуфти номбурда сабаби дигари карахт будани бозори фурўши   тракторҳои «ТоҷИрон» бо пули нақд ба фурўш баровардани он мебошад.

Ин дар ҳолест, ки тракторҳои воридотӣ ба таври лизингӣ фурўхта мешавад.  Мавсуф  изҳор дошт, ки айни ҳол болои чанд барнома оид ба рушди фурўши тракторҳо кор карда истодаанд ва дар оянда барои фурўши тракторҳо аз дигар имкониятҳо истифода мешавад.

Наврўзифар Асғар дар идома афзуд, ки тракторҳои «ТоҷИрон» чандин амалро иҷро намуда, нисбати ҳамин намуди техникаи истеҳсоли Белорус ва Россия камхарҷтар мебошад.

Масалан, харҷи маводи сўхти он нисбати тракторҳои Белорус 13,8 фоиз ва истифодаи равғанҳои молиданӣ бошад, 33 фоиз камтар аст. Мавсуф гуфт, ки агар мақомоти дахлдор воридоти тракторҳоро аз хориҷ коҳиш диҳанд, он рўз дур нест, ки Тоҷикистон аз кишвари воридкунанда ба кишвари содиркунандаи трактор табдил ёбад.

Бозгашт ба рӯйхат
 
 
Матни паём*
Защита от автоматических сообщений
 


Матолиби серхонанда
Обу ҳаво




Назарсанҷӣ
  1. Кадом намуди варзиш ба шумо писанд аст?


Паёми худкор