Муқова Сиёсат Назар Иқтисод Иҷтимоъ Фарҳанг Тандурустӣ Дунё Технология Варзиш Илм-фанноварӣ Матбуот

Дил - ҳаракати хунро дар рагҳо таъмин менамояд
15.07.2015 — «Навид.tj»
Дил - ҳаракати хунро дар рагҳо таъмин менамояд

Давоми шаш моҳи соли 2015 дар марказҳои табобатии ҷумҳурӣ 625 амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо гузаронида шудааст.

Бо туфайли ҳамчун насоси фишор кор кардани дил хун муттасил дар ҳаракат аст. Рагҳои хун аз артерия, артериола, вена ва мӯйрагҳо иборатанд. Артерияҳо хунро аз дил ба бофтаҳо мебаранд; онҳо чун шохаи дарахт паҳн шуда, билохир ба артериолаҳо табдил меёбанд, ки дар навбати худ ба рагҳои бориктарин – мӯйрагҳо тақсим мешаванд.

Даври хурди гардиши хун аз раги шуш, ки аз меъдачаи рости дил мебарояд, оғоз меёбад. Хун бо ин роҳ ба мӯйрагҳои шуш рафта, дар он ҷо гази карбонатро медиҳад ва бо оксиген пурра таъмин гашта, аз хуни венавӣ ба хуни артериявӣ табдил меёбад. Аз шуш хуни артериявӣ бо чаҳор венаи шуш ба даҳлези чапи дил ҷорӣ мешавад.

Тасаввурот оид ба дил ва рагҳо ҳамеша мисли имрӯза набуд. Дар замони қадим гумон мекарданд, ки хун фақат дар венаҳо буда, дар артерияҳо ҳавои нафасгирифтаи одам воқеъ аст. Соли 1628 гардиши хунро кашф кардани физиологи англис Вилям Гарвей воқеаи бузургтарине буд дар илми тиб. Ӯ аввалин шуда қайд кард, ки дил хунро ба тамоми рагҳо таҳти фишор равона месозад. Дар натиҷа хун «ба тамоми бадан равона мешавад, ба венаҳо ва масомаи бофтаҳо медарояд ва пас гашта, тавассути венаҳо ба даҳлези рости дил ҷорӣ мешавад».

Яъне, дил узви марказии системаи гардиши хун буда, ҳаракати хунро дар рагҳо таъмин менамояд. Дил дар қафаси сина, байни ҳарду қисми шуш, дар болои диафрагма ҷой гирифтааст. Дили одами калонсол ба ҳисоби миёна 220 – 300 г ва дарозиаш 12 – 15 см мешавад.

Гардиши хунро силсилаи асаб бо роҳи тағйир додани дараҷаи ғализии хун танзим мекунад, худи дил ҳам дар танзими хун иштирок менамояд. Хуне, ки аз дил баромадааст, ҳаракати минбаъдаашро дар артерияҳо давом медиҳад. Ба дили одами солим омаду рафти хун миқдоран як хел аст.

Венаҳои даври калони гардиши хун хунро аз тамоми қисмҳои бадан, узв ва бофтаҳо гирифта, билохир ба ду венаи ковоки болову поин, ки ба даҳлези рости дил мераванд, табдил меёбанд.

Бемориҳои силсилаи дилу рагҳо хеле сершуморанд. Баъзе аз онҳо асосан бемориҳои дил (тарбод, миокардит ва ғ.), дигарашон бемориҳои артерия (атеросклероз) ё вена (флебит – илтиҳоби венаҳо, васеъшавии модарзодии онҳо) мебошанд, сеюмӣ умуман узвҳои силсилаи дилу рагҳоро иллатдор мекунанд (бемории гипертония).

Сабаби бемориҳои силсилаи дилу рагҳо ҳамчунин иллати модарзоди рушд, зарбу лат, илтиҳоб, заҳролудӣ, ихтилоли мехиназмҳое, ки фаъолияти рагҳо (ва нисбатан камтар кори дил)-ро танзим мекунанд, тағйироти патологии мубодилаи моддаҳо ва баъзе сабабҳои дигар, ки феълан пурра ошкор нашудаанд, мебошанд.

Осеб дидани рагҳо, хусусан артерияҳои калон боиси хунравӣ мешавад. Он барои зиндагӣ хатарнок буда, ҷарроҳии таъҷилиро тақозо мекунад. Бинобар ин, хуб донистани усулҳои ёрии аввалин ҳангоми хунравӣ ба ҳама, хусусан ба онҳое, ки аз нақлиёт истифода мекунанд – ронандагон, геологҳо, сайёҳон ва диг. ҳатмист. Набояд фаромӯш кард, ки зарб хӯрдани қафаси сина бисёр вақт боиси лат ёфтани дил, хунравӣ дар миокард ва халтачаи назди дил (перикирд) мешавад, илтиҳоби халтачаи назди дил (перикардит) рӯй медиҳад.

Мубориза бо бемориҳои дилу рагҳо дар ҷумҳурӣ масъалаи муҳими давлатӣ мебошад. Духтурони маҳалла ба диспансеронии беморони силсилаи дилу рагҳо аз ҷумла бемории гипертония, диққати ҷиддӣ медиҳанд. 

Бозгашт ба рӯйхат
 
 
Матни паём*
Защита от автоматических сообщений
 


Матолиби серхонанда
Обу ҳаво




Назарсанҷӣ
  1. Кадом намуди варзиш ба шумо писанд аст?


Паёми худкор