Муқова Сиёсат Назар Иқтисод Иҷтимоъ Фарҳанг Тандурустӣ Дунё Технология Варзиш Илм-фанноварӣ Матбуот

Таркиби мӯъҷизавии ҷаъфарӣ(Петрушка) олимонро ба ҳайрат овард
06.04.2016 — «Навид.tj»
Таркиби мӯъҷизавии ҷаъфарӣ(Петрушка) олимонро ба ҳайрат овард

Таркиби мӯъҷизавӣ ҷаъфарӣ, ки қариб дар тамоми навъи хӯрокҳо ва хӯришҳо истифода мешвавад, олимонро ба ҳайрат овардааст.

Доруи табии барои тарс, изтироб ва афсурдагӣ, муҳофизат аз фарбеҳӣ, тозагии хун ва сарчашмаи ҷавонӣ, фаъол кунандаи қувваи мардон, танзимкунии ҳайзи занон, мустаҳкам намудани системаи масунияти кӯдакон, бо хусусияти антисептикӣ, муҳофизати бадан аз микробҳо, табобати захм ва аз ҳама муҳимаш пешгирӣ аз саратон.

Натанҳо баргаш, балки реша ва тухмаш низ шифобахш буда, аз витамин ва минералҳо буда, дорои Витаминҳои A, B1, B3, C, E, оҳан, калсий, магний, калий, фосфор, манган, натрий, мис, сулфур, хлорофил ва равғанро мебошад.

Ба вуҷуд қувват бахшида, кори пешоб ва талхаро хуб ба роҳ мемонад, Инчунин гузариши ҳайзи занонро осон мегардонад. Аз касалиҳои зуком, шамолхӯрӣ ва табларза ҳифз мекунад. қанди хунро мӯътадил нигоҳ дошта, аз касалии саратон муҳофизат мекунад. Моддаҳои заҳролудро берун карда, аз тарбод ва зардпарвин ҳифз менамояд. Хунро тоза карда, системаи асабро ором мекунад.

Инчунин ба бемориҳои санги гурда, фишори хун, фарбеҳӣ ва  бемориҳои ҷигар фоидаи зиёд дорад. Барои инкишофи кӯдакони заиф хеле муфид мебошад. Пеш аз хоб истеъмол ҷаъфарӣ. Дар дилбеҳузурӣ ва кӯтоҳнафасӣ камтар ҷаъфариро хуб хоида фурӯ бурдан фоидаи зиёд дорад. Модаронро камшир мекунад.

Ба мӯйи сар қувват бахшида, рехтани онро пешгирӣ  мекунад. Ҳатто решаи ҷаъфариро пас аз тоза кардан бо хӯроку хӯришҳо истеъмол кардан мумкин аст. Бӯи нофорами даҳонро низ аз байн бурда, ба нӯри чашм зиё мебахшад.

Тавассути роҳҳои пешобдон намаки ҷамъшуда ва санги гурдаро аз бадан хориҷ мекунад. Ҳаррӯза миқдори муайян итеъмол кардан лозим. Вагарна истеъмоли аз ҳад зиёд зарар дорад.  Шахсоне ки, ба сабаби сармохўрдагӣ варами гурда доранд, истеъмол набояд кард. Обашро зиёда аз 60 гр ва худашро танҳо итстеъмол набояд кард.

Истеъмоли ҷаъфарӣ барои занҳои ҳомила қатъиян манъ аст. Эҳтимоли қатъи ҳомиладорӣ мавҷуд аст.

Бозгашт ба рӯйхат
 
 
Матни паём*
Защита от автоматических сообщений
 


Матолиби серхонанда
Обу ҳаво




Назарсанҷӣ
  1. Кадом намуди варзиш ба шумо писанд аст?


Паёми худкор