Муқова Сиёсат Назар Иқтисод Иҷтимоъ Фарҳанг Тандурустӣ Дунё Технология Варзиш Илм-фанноварӣ Матбуот

Муҳиддин Кабирӣ аз раҳбарии ҲНИТ меравад?
22.08.2015 — «Навид.tj»
Муҳиддин Кабирӣ аз раҳбарии ҲНИТ меравад?

14-уми август Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қарор қабул кард, ки 15-уми сентябр Анҷумани интихоботӣ - ҳисоботии ҳизб баргузор шавад.

Раҳбарияти ҳизб мегӯяд, ба мисли анҷуманҳои қаблӣ ҳудуди 500 вакил ва меҳмон даъват кардаанд. Вакилон аз гӯшаву канори кишвар, меҳмонон аз корпусҳои дипломативу созмонҳои байнулмилалии муқими Душанбе ва ҳам аҳзоби сиёсиву созмонҳои ҷамъиятии ватанӣ даъват шудаанд.

Маҳмадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ, мегӯяд, то ба ҳол сари рӯзнома ва маҳалли баргузории анҷуман тасмим гирифта нашудааст. Вай афзуд, танҳо маълум аст, ки раиси ҲНИТ дар ин Анҷуман ширкат нахоҳад кард. Ин вазъ гуфтугузорҳо атрофи Анҷумани навбатии ҲНИТ – ро бештар мекунад.

Кабирӣ ё Нурӣ?

Аз рӯзномаи маҷлис танҳо инро метавон пешгӯӣ кард, ки яке аз масъалаҳо интихоби раиси нав хоҳад буд ва 15-уми сентябр ҲНИТ раҳбар интихоб мекунад. Аз ин хотир, дар ҷомиа ҳоло ин гуфтугузорҳо ба миён омадаанд ё ба миён андохта шудаанд, ки эҳтимолан раиси кунунӣ – Муҳиддин Кабирӣ аз раҳбарӣ канор рафта, писари асосгузори ҲНИТ – Сайид Абдуллоҳи Нурӣ – Муҳаммадҷони Нурӣ раис интихоб шавад.

Чаро Кабирӣ равад? Коршиносоне, ки дар ин бора бо “Нигоҳ” суҳбат карданд, ба ин назаранд: 1) Кабирӣ ҲНИТ – ро пароканда кард ва дар раҳбарӣ боқӣ мондани ӯ онро барбод хоҳад дод; 2) Ин ҷузъи барномаест, ки “антинаҳзат” унвон мешавад ва нақшаи онҳоест, ки ин барномаро тарҳрезӣ кардаанд; 3) Ҳатто фишорҳо ба ҳизб барои он аст, ки Кабирӣ як шахси ҷаҳонӣ ва барои ҳукумат хатарнок шуд, аз ин хотир, ӯро бояд ба як “экспонати сиёсӣ” табдил диҳанд; 4) Танҳо рафтани ӯ ин имконро ба вуҷуд меорад, ки ӯро дар ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарор дода, далоили истирдодаш ба Тоҷикистонро фароҳам созанд.

Чаро Муҳаммадҷони Нурӣ бояд ояд? 1) Наҳзатро аз барбодӣ нигаҳ медорад; 2) Нафари мулоим ва “гапдаро” аст; 3) Писари Нурист ва бо дастони ӯ қатъ кардани фаъолияти ҲНИТ мантиқӣ аст. Тавре мегӯянд, “кори падарашро анҷом дод”.

ҲНИТ, ба қавле, 40 сол пеш дар водии Вахш аз ҷамъи ҳамфикрони Саид Абдуллоҳи Нурӣ ташкил шуда буд. Аммо расман 26 октябри соли 1991 дар Кохи «Ваҳдат» -и шаҳри Душанбе бо ширкати ҳудуди 1000 вакил аввалин анҷумани худро баргузор карда, Муҳаммадшариф Ҳимматзодаро раҳбар интихоб кард. Раҳбари амалӣ ҳамоно Саид Абдуллоҳи Нурӣ маҳсуб мешуд.

Истамбул ё Душанбе?

Анҷумани ҲНИТ бояд дар Душанбе баргузор шавад, аммо иддае инро баъид намедонанд, ки он дар хориҷи кишвар низ сурат гирад. Ва далели асосиашон ин аст, ки ҷаласаи вижаи Шӯрои сиёсии он дар шаҳри Истамбули Туркия баргузор шуд.

Аммо раҳбарияти ҳизб мегӯяд, сухан дар бораи дохили Тоҷикистон ва худи Душанбе меравад. Онҳо аз ин нигарон ҳастанд, ки мақомоти давлатӣ барои расидани вакилон ба Анҷуман монеа эҷод мекунанд ва ин имконро аз дасти вакилон мегиранд, ки дар он ширкат кунанд.

Ба гумони ғолиб, Анҷумани ҲНИТ дар Душанбе ва маҳз қароргоҳи ҳизб баргузор мешавад, зеро имкони баргузор кардани он, тавре анҷумани қаблӣ нишон дод, дар ягон ҷои шаҳри Душанбе вуҷуд надорад.

Аммо то куҷо баргузор кардани он дар хориҷа, масалан, Туркия, ё Русия имконпазир аст? Раҳбарияти ҲНИТ дар ин бора ҳанӯз ба иттифоқи назар нарасидааст. Аммо як нигоҳи сатҳӣ ба ин гуна ҷараён гирифтани кор нишон медиҳад, ки ин роҳ низ монеаэҷодкуниҳои худро дорад...

ҲНИТ баста мешавад ё не?

Ин баҳсест, ки қариб 5 сол ба ин сӯ идома дорад, аммо тайи як соли ахир воқеӣ шудааст. Аксари коршиносоне, ки як соли пеш ин суолро хандаовар ё ҷое “иғвогарона” мехонданд, ҳоло сар ба андеша рафта, ба ин хулоса расидаанд, ки боқӣ монад ҳам, дигар он ҲНИТ нахоҳад буд. Аз нигоҳи аксари онҳо, дар ҳоли ба раҳбарии ҲНИТ омадани Муҳаммадҷони Нурӣ ҳам, бастани ҳизб моҳияташро гум намекунад, яъне дар ҳама ҳолат онро хоҳанд баст. Аммо Нурии дуввум метавонад номзадии худро нагузорад ё аз ширкат дар сабқат даст кашад ва Кабирӣ дар симматаш боқӣ монад. Он гоҳ низ, аз нигоҳи коршиносон, масъалаи бастани ҲНИТ аҳамияти худро гум нахоҳад кард.

Чӣ пеш хоҳад омад? Аз нигоҳи коршиносон, 1) дар ҳама ҳолат масъалаи бастани ҳизб аз рӯзномаи кори роҳандозони барномаи “антинаҳзат” хориҷ намешавад, зеро ҳадафи аслӣ аст. Бахусус дар доираи ин барнома ин идея низ таблиғ мешавад, ки исломи сиёсӣ барои ҷомиа хатарнок аст; 2) Онро ба Ҳизби сотсиалист ё Ҳизби демократи дигар табдил медиҳанд. Эҳтимоли ба майдон даромадани мухолифони Кабирӣ вуҷуд дорад, ки бо далелҳои худ, аз ҷумла бо ин ки ба хотири ӯ ва “сиёсати сабр” – аш ҳизб ба ин ҳол афтодааст, даст ба мубориза мезананд. Пас аз ин ҷиноҳҳо ба вуҷуд меоянд, ки яке аз онҳо дар вазорати адлия сабти ном мешавад ва бақия, аз ҷумла ҷиноҳи Кабирӣ, дар ҳошияи қонун қарор мегирад. Ҷиноҳи расмӣ метавонад комилан аз онҳое таъсис ёбад, ки ба ин ҳизб умуман робитае надоранд ва аз сӯи афроди рӯ ба ҳукумат таъсис ёфтаанд. Ҳукумат инро кори дохилиҳизбӣ ҳисоб мекунад. 3) Раҳбарони ҲНИТ бар ин боваранд, ки агарчи ҳизб баста мешавад, идеяи он боқӣ мемонад ва “як рӯзи Худо” ҲНИТ боз ба майдон хоҳад омад.

Бозгашт ба рӯйхат
 
 
Матни паём*
Защита от автоматических сообщений
 


Матолиби серхонанда
Обу ҳаво




Назарсанҷӣ
  1. Кадом намуди варзиш ба шумо писанд аст?


Паёми худкор