Муқова Сиёсат Назар Иқтисод Иҷтимоъ Фарҳанг Тандурустӣ Дунё Технология Варзиш Илм-фанноварӣ Матбуот

Корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб идома дорад
04.10.2016 — «Навид.tj»
Корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб идома дорад

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб аз ҷараёни корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб шинос шуданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти назди сарвари давлат хабар медиҳад.

Дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ва атрофи он 3 адад сой мавҷуд ҳаст, ки ҳангоми боришоти зиёд ва омадани сел эҳтимоли ба хоҷагии халқи вилоят расонидани зарар вуҷуд дорад.

Ҳоло аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази идораи лоиҳаи идоракунии захираҳои обии водии Фарғона ва Маркази татбиқи лоиҳаи таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағирёбии иқлим корҳои барқарорсозӣ ва соҳибмустаҳкамкунӣ дар сойи Даҳана, Зиракӣ, Тебалай ва шафати дарёи Қизилсуву Ёхсу ҷараён дорад.

Барои таъмир ва барқарорсозии соҳили рост ва чапи сойи Даҳана 5 миллиону 643 ҳазор сомонӣ пешбини шудааст. Дарозии қисмати барқароршаванда бошад 2721 метрро дар бар гирифта, то имрӯз бештар аз 1600 метраш ба пуррагӣ ба анҷом расонида шудааст.

Маблағи ҷудогардида барои корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунии сойи Зиракӣ 7,5 миллион сомонӣ ва дарозии он 1745 метрро ташкил медиҳад.

Бозгашт ба рӯйхат
 
 
Матни паём*
Защита от автоматических сообщений
 


Матолиби серхонанда
Обу ҳаво




Назарсанҷӣ
  1. Кадом намуди варзиш ба шумо писанд аст?


Паёми худкор